Ғайримумкин шудани дастрасӣ ба сомонаи Азия-Плюс дар Тоҷикистон
Дастрасӣ ба сомонаи Азия-Плюс дар Тоҷикистон ғайримумкин шуд.
Ба нақл аз сомонаи Топ-ТҶ, мудирияти сомонаи хабаргузории Азия-Плюс эълом кард, дастрасӣ ба сомонаҳои русизабон ва тоҷикии ин хабаргузорӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Ҷомеаи Ҳамсуд ғайримумкин шудааст.
Мақомоти хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар посух ба пурсиши мудирияти сомонаи хабаргузории Азия-Плюс дар бораи иллати масдуд шудани сомонаҳои ин хабаргузорӣ гуфтаанд, ки ин мавзӯъ ба онон иртибот надорад, зеро қаблан хадамоти федерали назорат бар сомонаҳои интернетии ҳукумати Русия исми хабаргузории тоҷикии Азия-Плюсро дар рӯйхатти сомонаҳое қарор дода буд, ки фаолияташон дар қаламрави Русия мамнуъ аст.
Бо ин ҳол хонум Зебо Тоҷиева сардабири хабаргузории Азия-Плюс таъид кардааст, ки дар рӯзи 26 июли соли равон пас аз интишори хабари худкушии як зан дар шаҳри Хуҷанд хадамоти федерали назорат бар сомонаҳои интернетии ҳукумати Русия бо ирсоли номаи расмӣ аз мамнуъ шудани фаолияти ин хабаргузорӣ дар қаламрави Русия иттилоъ дода буд, зеро русҳо иддао мекарданд, ки интишори ин хабар таблиғи худкушӣ ба ҳисоб меяд. Бо вуҷуди ин ки мудирияти сомонаи хабаргузории Азия-Плюс дар ин маврид тавзиҳи расмӣ ба тарафи Русия ироа кард мавзӯи рафъи мамнуияти дастрасӣ ба ин сомонаи хабарӣ ҳал нашуда ва акнун дар дохили Тоҷикистон низ амалан чунин маҳдудият эъмол шудааст.
Хабаргузории мустақили Азия-Плюс яке аз пурбоздидтарин сомонаҳои хабарии русизабон дар Тоҷикистон ва минтақа ба ҳисоб меояд, ки саҳифаи тоҷикӣ низ дорад ва қаблан борҳо дар дохили ин кишвар низ масдуд шуда буд.