Гиромидошти рӯзи Рудакӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i4630-Гиромидошти_рӯзи_Рудакӣ_дар_Тоҷикистон
22-уми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи Рудакӣ аст ва дар ин рӯз дар марокизи фарҳангиву илмӣ ва макотибу донишгоҳҳои ин кишвар маҳфили Рудакихонӣ баргузор мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 22, 2016 17:56 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти рӯзи Рудакӣ дар Тоҷикистон

22-уми сентябр дар Тоҷикистон рӯзи Рудакӣ аст ва дар ин рӯз дар марокизи фарҳангиву илмӣ ва макотибу донишгоҳҳои ин кишвар маҳфили Рудакихонӣ баргузор мешавад.

Бо ибтикори институти забону адабиёт, фалсафа ва шарқшиносии академии улуми Тоҷикистон ва бунёди Рудакӣ дар толори фарҳангистони улум конфронси илмӣ дар мавзӯи таҳқиқу баррасии осори устод Рудакӣ дар Тоҷикистон, баргузор шуд. Дар ин конфронс иттилооти ҷадиде перомуни Рудакипажуҳишӣ дар Тоҷикистон ироа ва бар зарурати такмили ин раванд таъкид шуд.

Қодири Рустам нависанда ва пажуҳишгари тоҷик мегуяд, ки Рудакишиносӣ дар Тоҷикистон аз мутолиоти устод Садруддин Айнӣ шуруъ шуда чаҳор марҳаларо пушти сар карда аст.

Адибаи Азиз-шоираи ҷавони тоҷик мегуяд, ки устод Рудакӣ бо сабки софу соддаи хуросонии хеш ифтихори тамоми мардуми ин хитта аст.

Гуфтанист одамушшуаро устод Рудакӣ-шоири номовари дарбори Сомониён дар соли 858 мелодӣ дар деҳаи панҷрудӣ ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистони кунунӣ ба дунё омада ва дар соли 941 мелодӣ дори фониро падруд гуфтааст. Аз соли 2002 мелодӣ бадин сӯ 22-сентябр дар Тоҷикистон рӯзи Рудакӣ эълом шуда ва ҳамасола ин рӯз таҷлил мешавад.