Афзоиши ду ва ду даҳуми дарсади ҷамъияти Тоҷикистон таи як соли ахир
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46317
Теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон таи як соли ахир ду ва ду даҳуми дар сад афзоиш ёфтааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 31, 2019 08:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ду ва ду даҳуми дарсади ҷамъияти Тоҷикистон таи як соли ахир

Теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон таи як соли ахир ду ва ду даҳуми дар сад афзоиш ёфтааст.

Ба нақл аз Авесто, бо ин мизони афзоиши ҷамъияти Тоҷикистон таи як соли ахир ба 9 миллион ва 212 ҳазор нафар расидааст,ки болотарин шохис дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷомиъаи ҳамсуд мебошад.

Акнун 3 миллион ва 300 ҳазор нафар аз ҷамъияти беш аз 9 миллионии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон,2 миллиону 600 ҳазор дар вилояти Суғд,2 миллиону 100 ҳазор нафар дар ноҳияҳои марказӣ,228 ҳазор нафар дар вилояти кӯҳистони Бадахшон 851 ҳазор нафар дар шаҳри Душанбе пойтахти ин кишвар ба сар мебаранд.

Аз ин теъдод34 ва се даҳуми дар сад Ҷавонон, 60 дар сад воҷиди шароит ва 5ва ҳафт даҳуми дар сад бознишаста ҳастанд.

Аз нигоҳи таркиби ҷинсиятӣ аз беш аз 9 миллион ҷамъияти Тоҷикистон 50 ва ҳафт даҳуми дар садро мардон ва 49 ва се даҳуми дар садро занон ташкил медиҳанд.

Аз сӯи дигар  Ожонси давлатии умури бознишастагон ва бимаи Тоҷикистон эълом карда буд,ки таи 28 соли истиқлоли ин кишвар теъдоди ҷамъияти ин ҷумҳурӣ 3 миллиону 700 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.

Дар соли 1990 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон 5 миллион ва 400 ҳазор нафар буд.

Ба гуфтаи коршиносони умури ҷамъият дар соли 2023 теъдоди ҷамъияти Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.