Беиртиботии баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нирӯгоҳи Роғун ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё
(last modified 2019-09-03T05:50:29+00:00 )
Сентябр 03, 2019 10:50 Asia/Dushanbe
  • Беиртиботии баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нирӯгоҳи Роғун ба узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

Баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нирӯгоҳи Роғун наметавонад сабаби узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё шавад.

Ба нақл аз хабаргузории Спутник, хонум Анастазия Лихачиева бо матраҳ шудани мавзӯи иртиботи пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нирӯгоҳи обӣ-барқии Роғун дар рӯзи 9 сентябри соли равон дар расонаҳои хабарии минтақа гуфтааст, ки ин мавзӯъ наметавонад муҷиби узвияти ин кишвар дар иттиҳодия шавад.

Зеро пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба авомиле бастагӣ дорад, ки афзоиши зарфияти тавлиди барқ дар ин кишвар намтавонад дар ин мавзӯъ ҷузви ин авомил бошад.

Ӯ шароити узвият дар ин иттиҳодияро тавони иқтисодӣ, қудрати рақобатии маҳсулоти тавлидӣ дар бозори муштарак ва яксонсоии қавонин ва муқаррароти гумрукӣ эълом кард.

Мақомоти Тоҷикистон мегуянд таи чанд соли ахир пайёмадҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин иттиҳодияро баррасӣ мекарданд ва қатъан афзоиши зарфияти тавлиди барқи ин кишвар бо баҳрабардорӣ аз турбини дуввуми нирӯгоҳи Роғун наметавонад омили муҳимме дар ин тасмимгирӣ бошад.

Тоҷикистон аз соли 2015 мавзӯи узвият дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад. Русия, Беларус, Қазоқистон, Арманистон ва Қирғизистон узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ҳастанд ва кишвари Молдова ба унвони узви нозир дар фаолияти ин ниҳоди ҳамгароии минтақаӣ мушорикат мекунад.