Сентябр 10, 2019 20:51 Asia/Dushanbe
  • Даъвати Раҳмон барои дифоъ аз дастовардҳои истиқлоли Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми ин кишвар даъват кард, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлол талош кунанд.

Дирӯз маросими таҷлил аз солгарди истиқлоли Тоҷикистон бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ибтидои ин сухронӣ зимни табрики солгарди 28 солагии истиқлол ва роҳандозии чархаи дувуми нерӯгоҳи азими обии “Роғун” аз талошҳои омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ барои маҳви истиқлоли Тоҷикистон ёд кард.

Вай дар идома гуфт: “Ҳамаи мардуми Тоҷикистон аз умқу душвориҳое, ки то дастовардҳои имрӯз мо аз сар гузаронидаем, огоҳ ҳастанд. Масири таърихӣ, ки мардуми тоҷик тай бисту ҳашт соли гузашта тай кардаанд, масири пур аз монеа ва мушкилот будааст”.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни маросим ҳамчунин тазаккур дод: “Дар дунёи имрӯзи бисёр ҳассос ва чолишбарангез, дифоъ аз дастовардҳои истиқлол ва сулҳ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳимоят аз манофеи давлат ва миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат аст.

9 сентябр - рӯзи истиқоли Тоҷикистон аз Шӯравии собиқ аст.

 

Барчасп