Дархости гузоришгари вижаи СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини оби ошомидании солим ба мардум
(last modified 2019-09-16T03:43:04+00:00 )
Сентябр 16, 2019 08:43 Asia/Dushanbe
  • Дархости гузоришгари вижаи СММ аз Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмини оби ошомидании солим ба мардум

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, ки барои таъмини оби ошомидании солим барои мардуми ин кишвар талош кунад.

Ба гузориши сомонаи “ТОП Тҷ”, Лео Ҳеллер бо интишори гузориши 17 сафҳаӣ аз натоиҷи сафараш ба Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳукумати ин кишвар бояд барои таъмини ҳуқуқи сокинони ин ҷумҳурӣ дар заминаи дастрасӣ ба оби ошомидании солим тадбирҳои амалӣ бияндешад.

Аз дидгоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастрасӣ надоштани сокинони Тоҷикистон, ба вижа манотиқи рустоӣ ба оби ошомидании солим муҷиби маргу мири кӯдакони зери 5 сол мешавад, ки бояд барои ҳалли ин мушкил иқдом кунанд, аз ин рӯ таъмини оби манотиқи рустоӣ бояд дар авлавияти барномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон қарор гирад.

 Гузоришгари вижаи СММ набуди ниҳоди назоратии мустақил дар заминаи контроли кайфияти об ва таъмини мардум бо оби ошомидании солимро аз дигар мушкилоти Тоҷикистон унвон кардааст.

Мақомоти Тоҷикстон яке аз далелҳои аслии дастрасӣ надоштани сокинони манотиқи рустоии кишвар ба оби ошомидании солимро кӯҳнаву фарсуда шудани хутути лӯлаҳои интиқоли об эълом мекунанд, ки ниёз ба сармоягузории калони молӣ дорад.

Ниҳодҳои молии байналмилалӣ барои иҷро кардани барномаи таъмини оби ошомидании солим дар Тоҷикистон, ки солҳои 2018 то 2020 - ро шомил мешавад, кумакҳои молии ихтисос медиҳанд, чунончӣ Бонки Ҷаҳонӣ дар чорчӯби ин барнома эътои 50 миллион доллар кумакро ба Ҳукумати Тоҷикистон барномарезӣ кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҷамшед Табарзода, мудири идораи хадамоти шаҳрии Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ дар Душанбе тобистони имсол эълом карда буд, ки 62 дарсади мардуми ин кишвар ба оби ошомидании солим дастрасӣ доранд.

 

Барчасп