Сентябр 19, 2019 09:17 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Эрон дар Тоҷикистон бо раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии ин кишвар

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе бо раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, дар дидори Муҳаммадтақии Собирӣ бо Диловар Қодирзода роҷеъ бар густариши равобит миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон баҳсу табодули назар шуд.

Қодирзода дар ин дидор бо арзёбии вазъияти феълӣ ва дурнамои равобити дуҷониба бар зарурати густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахшҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, ҳамлу нақл, гардишгарӣ ва фарҳангиву илмӣ ва омӯзишӣ таъкид кард.

Ду тараф бо баршумурдани зарфиятҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон, хостори бакоргирии тамоми имконот барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба шуданд.

Раиси Маркази пажӯҳишҳои роҳбурдии Тоҷикистон таъкид кард, ки зарурати роҳандозии ҳамкорӣ миёни ин ниҳод ва марокизи пажӯҳишии Ҷумҳурии Исломии Эрон вуҷуд дорад.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон низ дар ин дидор бо ишора бар муштаракоти забонӣ, динӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон, омодагии Теҳронро барои густариши равобити ҳамаҷониба бо Душанбе эълом кард.

Муҳаммадтақии Собирӣ имкони истифодаи Тоҷикистон аз бандари Чобаҳорро яке аз зарфиятҳои муҳим барои афзоиши содироти Тоҷикистон баршумурд ва хостори густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ин замина шуд.

 

Барчасп