Сентябр 20, 2019 16:44 Asia/Dushanbe
  • Имзои тавофуқномаи 10 миллиондолларии Тоҷикистон ва Сандуқи ОПЕК

Вазорати молияи Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи молӣ бо Сандуқи ОПЕК барои иҷрои проекти беҳбуди мудирияти захоири обӣ дар устони Хатлон хабар дод. 

Ба гузориши "Форс", давлати Тоҷикистон ва Сандуқи ОПЕК тавофуқномаи молӣ барои иҷрои проекти беҳбуди мудирияти захоири обӣ имзо карданд. 
 
Тавофуқномаи мазкур, ки ҳаҷми он 10 миллион доллар эълом шудааст, тавассути Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Абдулҳамид Алхалифа, мудири Сандуқи ОПЕК дар шаҳри Вена ба имзо расид. 
 
Ҳаҷми куллии воми лозим барои иҷрои ин проект дар устони Хатлони Тоҷикистон 53.5 миллион доллар эълом шуда, ки ҳудуди 15 миллион доллар аз он тавассути Бонки исломӣ, 25 миллион доллар Сандуқи тавсеаи Саудӣ, 10 миллион доллар Сандуқи ОПЕК ва 3.5 миллион доллари давлати Тоҷикистон тахсис мешавад. 
 
 Ҳадафи иҷрои ин проект беҳбуди мидрияти захоири обӣ бо таваҷҷуҳ ба тағйироти иқлим ва ҳамчунин кумак ба рушди тавлидоти кишоварзӣ, афзоиши даромади кишоварзон ва дастрасии онҳо ба об унвон шудааст. 
 
Замони иҷрои комили ин проект 6 сол эълом шуда ва интизор меравад дар соли 2025 мелодӣ такмил шавад. 
 
 
 

Барчасп