Сентябр 22, 2019 11:22 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи нашрияи “Пайк” аз бинои Кумитаи варзишу ҷавонони Кулоб

Мақомоти шаҳри Кулоб дар вилояти Хатлони Тоҷикистон аз мудирияти нашрияи мустақили Пайк хостаанд, ки дафтари иҷораии корашонро дар бинои Кумитаи варзишу ҷавонони Кулоби ин минтақа холӣ кунанд .

Ба гузориши Садои Хуросон, ба нақл  аз сомонаи ТопТҶ , мақомоти шаҳри Кулоб бидуни додани муҳлат ба мудирияти нашрияи Пайк барои ёфтани ҷои дафтари нав, холӣ кардани маҳали кори ин ҳафтаномаро хостор шудаанд .

 Аҳмад Иброҳим, сардабири нашрияи Пайк  сабаби ин иқдомро интишори матлаби танқидӣ аз фаъолияти Кумитаи варзиш ва   ҷавонони минтақаи Кӯлоб унвон карда аст .

 Вай афзуд : Матлаби мунташиршуда дар бораи истифодаи ғайриҳадафманд аз манбаъҳои молӣ дар Кумитаи варзишу ҷавонони минтақаи Кулоб буда аст .

 Ба гуфтаи ин фаъоли расонаӣ  дар ин  мақолаи танқидӣ навишта шуда буд, ки ба далели вуҷуди нобасомонӣ дар фаъолияти кумитаи варзишу ҷавонони минтақаи Кулоб масъулони ин ниҳод ҳамвора аз фурушандагони арз(асъор) қарз мегиранд, то ниёзҳои молии худро таъмин кунанд .

 Зайниддин Давлатов, раиси кумитаи варзишу ҷавонони минтақаи Кулоб низ бо таъйиди ин мавзӯъ гуфта аст, ки манобеи молии ин ниҳод аз сӯи вазорати молияи Тоҷикистон бо таъхир таъмин мешавад ва маҷбуранд, ки аз фурушандагони арзи кумак дарёфт кунанд .

 Аҳмад Иброҳим, сардабири нашрияи Пайк гуфта аст ки мақомоти шаҳри Кулоб тасмим гирифтаанд дафтари кории ин ҳафтаномаро ба коргоҳи дузандагӣ табдил кунанд .

Дар соли 2014 нашрияи Пайк аз сўи Додситонии кули Тоҷикистон ба баҳонаи мушкили тамдиди муҷаввизи фаъолият ба пардохти ҷаримаи молӣ маҳкум шуда буд .

Дар соли 2018 низ мудирияти интишороти Шарқи озод дар шаҳри Душанбе аз чопи нашрияи мустақили Пайк худдорӣ кард .

 Бар асоси гузориши Созмони шохиси ҷаҳонии озодии матбуот 2019 World Press Freedom Index 2019 , Тоҷикистон  аз нигоҳи озодии баён дар миёни 180 кишвари ҷаҳон дар радифи 161 қарор дорад .

 Бар ин асос Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи марказӣ дар охирин ҷойгоҳ қарор гирифта аст .

 

Барчасп