Баргузории маросими оғози соли таҳсилӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i46998-Баргузории_маросими_оғози_соли_таҳсилӣ_дар_Тоҷикистон
Маросими оғози соли таҳсилӣ (аввали меҳр) дар Тоҷикистон баргузор шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 24, 2019 16:39 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими оғози соли таҳсилӣ дар Тоҷикистон

Маросими оғози соли таҳсилӣ (аввали меҳр) дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, маросими оғози соли таҳсилии 1398 -99 бо ҳузури Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Эрон дар муҷтамаи омӯзишиву парваришии Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон, дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба гузориши Сафорати Эрон дар шаҳри Душанбе, дар ин маросим, ки донишомӯзон, мураббиён ва ҷамъе аз авлиё ҳузур доштанд, Собирӣ дар суханоне бо табрики оғози баҳори таълиму тарбият, фаро расидани Ҳафтаи дифои муқаддасро гиромӣ дошт.

Вай бо таъкид бар аҳамияти тарбияту омӯзиш дар канори якдигар, аз донишомӯзон хост, зимни талошу ҳиммати худ дар касби илму дониш, қадрдони заҳамоти падару модару мураббиёнашон бошанд.

Бо оғози соли таҳсилии ҷадид, рӯзи гузашта беш аз 14 миллион донишомӯз барои фарогирии дарсҳои ҷадид дар мадориси Эрон ҳузур ёфтанд.