Сентябр 25, 2019 16:14 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми допинг ба қаҳрамони олимпии тоҷик

Дилшод Назаров, қаҳрамони бозиҳои олимпии 2016 Рио-де-Жанейро аз Тоҷикистон, бо иттиҳоми истифода аз доруҳои нерӯзо мувоҷеҳ шудааст.

Хабаргузории РИА Новости бо истинод ба сомонаи интернетии ниҳоди мустақили мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар варзиши дави майдонӣ тасреҳ кард, ки Дилшод Назаров ба иттиҳоми нақзи меъёрҳои зиддидопингӣ ба таври муваққат аз ҳузур дар мусобиқот маҳрум шудааст.

Ба навиштаи ин манбаъ, натоиҷи озмоишоти пизишкӣ дар ҷараёни мусобиқоти қаҳрамонии Ҷаҳон дар соли 2011 нишон дод, ки Назаров аз доруҳои ғайриқонунӣ истифода кардааст.

Ин дар ҳоле аст, ки Маҳмадшоҳ Абдуллозода, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба Авеста гуфтааст: Интишори ин хабар моро сардаргум кардааст.