Тамоюли Тоҷикистону Ҳинд ба густариши равобит
Сентябр 25, 2019 16:37 Asia/Dushanbe
Вузарои умури хориҷаи Тоҷикистону Ҳинд дар дидор бо якдигар ба таъмиқу густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф ибрози алоқа карданд.
Ба гузориши “Форс”, Сироҷиддини Муҳриддин ва Субраманям Ҷайшанкар, вузарои умури хориҷаи Тоҷикистону Ҳинд дар ҳошияи ҳафтодучаҳорумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк бо ҳам дидору гуфтугӯ карданд. Дар ин дидор Муҳриддин ва Ҷайшанкар дар заминаҳои таъмиқу густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, ҳамлунақл ва илмиву фарҳангӣ табодули назар карданд. Ҳамчунин мавзӯи ҷазби сармояву фанновариҳои пешрафтаи Ҳинд дар таъмини тавсеаи иқтисодии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода шуд.