Сентябр 25, 2019 16:58 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Тоҷикистону Австрия бар густариши равобит

Вазири тавсеаи иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва мудири кулли равобити иқтисоди хориҷии Вазорати федералии иқтисоди Австрия бо якдигар дидор ва бар тавсеаи бештари равобити ду кишвар таъкид карданд.

Ба гузориши “Форс”, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва Франс Вайсинг, мудири кулли равобити иқтисодии Вазорати федеролии иқтисодии Австрия, ки ҳамзамон раёсати камиссиюни ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва санъатии 2 кишварро бар ӯҳда дорад, дидору гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор перомуни масоили марбут ба тавсеаву густариши равобити дуҷониба, аз ҷумла тақвияти фаъолияти камиссиюни ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва санъатӣу ҳамчунин иҷроии бандҳои протоколи имзошуда дар чорчӯби ин камиссиюн баҳсу табодули назар карданд.

Ҷазби сармоягузориҳои Австрия ба бахши кишоварзӣ, санъат, ҳамлу нақл, беҳдошт, гардишгарӣ ва соири ҳавзаҳо аз дигар мавзӯоте буд, ки дар ин дидор баррасӣ шуд. Ду тараф дар поёни ин дидор дар заминаи тавсеаи бештари равобит миёни 2 кишвар ибрози алоқамандӣ карданд.

 

 

Барчасп