Нахустин музоядаи замин дар Тоҷикистон
(last modified Mon, 30 Sep 2019 04:56:06 GMT )
Сентябр 30, 2019 09:56 Asia/Dushanbe
  • Нахустин музоядаи замин дар Тоҷикистон

Нахустин бор дар Тоҷикистон фурӯши замин аз тариқи музояда дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, дар ин музояда 12 гектар замин ба ширкаткунандагон бо 50 дарсад тахфиф фурӯхта шуд.

Аскарбек Набизода, муовини раиси ноҳияи Ёвон гуфтааст, ки дар нахустин музояда барои ташвиқи харидорон аз ҳисоби заминҳои мутааллиқ ба давлат, қимати оғозини фурӯши 2 гектар замин 2 ҳазору 308 сомонӣ таъйин шуд, ки дар ниҳоят ба қимати 2 ҳазору 408 сомонӣ ба фурӯш расид.

Муддати эътбори ин муомила се сол эълом шудааст ва пас аз поёни ин муҳлат созишнома таҷдид хоҳад шуд.

Ин заминҳо бояд корбурди кишоварзӣ дошта бошад.

Ба гуфтаи муовини раиси ноҳияи Ёвон, то поёни имсол дар ин ноҳия аз 250 гектар замини давлатӣ фурӯши 50 ҳектор аз тариқи музояда барномарезӣ шудааст.

Ин дар ҳоле аст, ки қонуни асосии Тоҷикистон заминҳои ин кишварро давлатӣ дониставу фурӯши ин манобеъро мамнуъ кардааст.

Аммо мақомоти ҳукуматӣ бо дарёфти ришва иқдом ба фурӯши замин мекунанд ва ин мавзуъ яке аз муҳимтарин заминаҳои фасод дар ин кишвар ба ҳисоб меояд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи заминхорӣ дар кишварашро дарди бедармон тавсиф кардааст.

Бар ин асос, ҳамасола даҳҳо мақоми давлатӣ ба иттиҳоми фурӯши ғайримуҷози замин ба зиндон маҳкум мешаванд. Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии умури замини Тоҷикистон, танҳо дар соли 2018 алайҳи 48 корманди идороти замин дар навоҳии мухталифи ин кишвар ба иттиҳоми заминхорӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шуда, ки дар муқоиса бо соли қабл 13 маврид бештар будааст.