Чин дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон воҳидҳои низомӣ эҳдос мекунад
(last modified Sat, 24 Sep 2016 15:08:53 GMT )
Сентябр 24, 2016 20:08 Asia/Dushanbe
  • Чин дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон воҳидҳои низомӣ эҳдос мекунад

Пекин бо имзои тавофуқномае бо Душанбе, амнияти манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистонро тақвият мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо ҳукми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишвар муваззаф ба имзои тавофуқнома бо Чин дар хусуси эҳдоси воҳидҳои низомӣ барои марзбонони тоҷик дар марзи ин кишвар бо Афғонистон гардид.

Тибқи ин гузориш, Чин дар пайи дархости ҳукумати Тоҷикистон розӣ шудааст, ки бо маблағҳои грантӣ дар навоҳии наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон 3 комиссариати ҳарбӣ, 4 қисми низомӣ, 4 дидбонгоҳи марзӣ ва як маркази таълимиро бунёд кунад.

Ин дар ҳоле аст, ки марзи Тоҷикистон ва Афғонистон беш аз ҳазор километр мебошад ва ташдиди фаъолияти шибҳи низомёни ифротӣ ва террористӣ дар шимоли Афғонистон ва наздики марзҳои Тоҷикистон боиси нигаронии мақомоти тоҷик шудааст.