Октябр 05, 2019 09:36 Asia/Dushanbe
  • Озодии 137 муттаҳам ба терроризм дар вилояти Суғд

Додситони вилояти Суғд аз озодии 137 муттаҳам ба терроризм дар ин минтақа тайи 9 моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Тоҷ-Вик”, Ҳабибуллоҳ Воҳидов ин матлабро дар нишасти натиҷагирӣ аз фаъолияти ниҳодҳои додситонии шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд баён кард.

Ба гуфтаи вай, ин 137 нафар ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти аҳзоб ва гурӯҳҳои террористӣ, мамнуа ва ифротие, ки шомили узвият, кумакҳои молӣ ва таблиғи афкори ин гурӯҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мешавад, таҳти пайгарди қазоӣ қарор доштанд, ки озод шудаанд.

Вай таъкид кардааст, ки теъдоде аз ин афрод муттаҳам ба мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ва ҷазби атбои Тоҷикистон ба сафи ин гурӯҳҳо буданд, ки ҳукми табрааи онон содир шудааст, аммо додситони вилояти Суғд дар бораи далоил ва авомили табрааи ин афрод тавзеҳ надодааст.

Ҳабибуллоҳ Воҳидов гуфтааст, ки тайи 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 5 ҳазору 321 маврид ҷурму ҷиноят иттифоқ афтода, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 488 маврид бештар аст.