Октябр 05, 2019 11:01 Asia/Dushanbe
  • Камбуди маконҳои истиқрори гардишгарон яке аз мушкилоти бахши гардишгарӣ дар Тоҷикистон

Мудири як ширкати гардишгарӣ мегӯяд, яке аз мушкилоти бахши гардишгарии Тоҷикистон камбуди маконҳои истиқрори гардшгарони хориҷӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Николай Сербин бо ишора ба баргузории иҷлоси гардишгарии созмони ЭКО дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон гуфт, ки дар шаҳрҳои бузурги ин кишвар меҳмонхонаҳо ва имконоти истиқрори гардишгарони хориҷӣ вуҷуд дорад, ки дар манотиқи рустоии ин ҷумҳурӣ ин маконҳо камтар аст.

Ба гуфтаи вай, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Хоруғ заминаи нисбатан беҳтаре барои истиқрори гардишгарони хориҷӣ дар меҳмонхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ фароҳам аст, аммо дар манотиқи рустоии Тоҷикистон, ки дорои ҷозибаҳои зиёди гардишгарӣ аст, камбуди ин имконот эҳсос мешавад.

Ҳарчанд, ки фаъолони бахши хусусӣ тайи солҳои ахир талоши зиёде карданд, ки дар манотиқи рустоии ин кишвар низ ҳутелҳо ва меҳмонпазирҳое барои иқомати гардишгарони хориҷӣ бисозанд, аммо то расидан ба шароити матлуб дар ин маврид ҳанӯз ҳам фосилаи зиёде вуҷуд дорад.

Аз дидгоҳи Николай Сербин бештари гардишгарони рус тарҷеҳ медиҳанд, ки дар фаслҳои баҳору тобистон ба Тоҷикистон сафар кунанд, ки дар ин мавсим камбуди афроди мутахассис дар ширкатҳои хадамоти гардишгарии ин кишвар мушоҳда мешавад, аз ин рӯ бояд кормандони ин ширкатҳо давраҳои омӯзишии вижаро барои муаррифии ҷозибаҳои гардишгарии Тоҷикистон бубинанд ва ба забонҳои хориҷӣ ҳам мусаллат бошанд.

 

 

 

Барчасп