Гузарондани зиндагии 62 дарсад аз ашхоси тоҷик аз даромади ирсолии бастагон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i47368-Гузарондани_зиндагии_62_дарсад_аз_ашхоси_тоҷик_аз_даромади_ирсолии_бастагон
62 дарсад аз ашхоси тоҷик аз даромади ирсолии бастагони худро дар умуроти зиндагӣ мегузаронанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2019 06:36 Asia/Dushanbe
  • Гузарондани зиндагии 62 дарсад аз ашхоси тоҷик аз даромади ирсолии бастагон

62 дарсад аз ашхоси тоҷик аз даромади ирсолии бастагони худро дар умуроти зиндагӣ мегузаронанд.

Ба нақл аз сайти ТоҷикТа, Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки наздик ба 62 дарсад аз 2 ҳазору 200 нафар, ки дар назарсанҷии ин ниҳод ширкат кардаанд мегуянд, ки даромади ирсолии бастагони худ аз хориҷ аз манбаи зиндагии хонаводаҳои хеш медонанд.

Беш аз 21 дарсади ашхосе, ки дар ин назарсанҷӣ ширкат кардаанд эълом кардаанд, ки аз ҳисоби кумаки наздикон зиндагӣ мекунанд. 8 ва чаҳордаҳуми дарсад низ муътақиданд, ки манбаи зиндагии худро аз ҳисоби амвол ва дороиҳо таъмин мекунанд. 2 дарсад низ фаолият дар бахши хусусиро манбаи таъмини ниёзи зиндагии худ ва хонаводаҳояшон муҳим медонанд.

Бахши асосии даромади ирсолиии бастагони худ аз хориҷро аксари хонаводаҳои тоҷик барои пардохти ҳазинаи таҳсил, дармон ва таъмини ниёзҳои рӯзмарраи зиндагӣ мавриди истифода қарор медиҳанд ва беш аз 9 дарсади даромади ирсолии бастагонашонро барои хариди манозили маскунӣ ҳазина мекунанд, 7 дарсад низ ин манобеи молиро барои сохти хона истифода мекунанд.

85 дарсади тоҷикҳое, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаолият мекунанд даромади худ барои хонаводаҳояшонро аз тариқи бонкҳо ба кишварашон ирсол мекунанд.