Октябр 08, 2019 17:19 Asia/Dushanbe
  • Бозгашти садҳо зану кӯдаки фиребхурдаи диишӣ ба Тоҷикистон

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, омодаи бозгардонидани занону кӯдакони боқимонда дар урдугоҳҳои паноҳандагон аз Сурия аст.

Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ гуфтааст, ахиран бо намояндагони давлати Сурия ва мухолифони мусаллаҳи ин кишвар дидор карда, ки дар ин дидорҳо мавзӯоти марбут ба бозгардонидани ҳамватанони фиребхурдаи худро мавриди баҳсу гуфтугӯ қарор додааст. Бо вуҷуди ин, Зубайдзода таърихи мушаххасе барои бозгардонидани шаҳрвандони фиребхурдаи тоҷик ба кишвар таъйин накард.

Бо шикастҳои пай дар пайи гурӯҳи террористии мавсум ба ДИИШ дар минотиқи мухталифи ҷаҳон, ба вижа Сурия, нигаронии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аз густариши фаъолиятҳои ваҳҳобиҳо дар ин кишварҳо низ афзоиш меёбад.

Дар ин замина, тайи моҳҳои гузашта раҳбарони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба вижа Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Туркманистон ва ҳамчунин ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳатто Гурҷистон нигаронии худро аз ин раванд иброз доштаанд.

Дар шароити феълӣ ин шоеа дар сатҳи минтақа матраҳ шудааст, ки раҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба ҷойи талош барои аз байн бурдани эҳтимоли пайвастани шаҳрвандони кишварҳои худ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ, сирфан барои манофеи худ талош мекунанд. Дар айни ҳол гуфта мешавад, шуморе аз мақомҳои давлати Душанбе ба ҳамкории мустақим бо ҷараёнҳои террористӣ, ба вижа ДИИШ рӯй овардаанд. Аз ҷумла, сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, аз неруҳои вижаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шомили ин феҳрист аст.

Дар ҳамин замина, Талъат Тасмагамбетов, коршиноси сиёсии Қазоқистон мегӯяд, ҳокимони кишварҳои Осиёи Марказӣ манофеи шахсиву гурӯҳии худро бар масолеҳи миллатҳояшон тарҷеҳ медиҳанд. Ба ҳамин далел, ба ҷойи ислоҳи ҷомеа, дар пайи пур кардани ҳисобҳои бонкии худ ва хонаводаи худ ҳастанд.

Шакке нест, ки бо идомаи ин раванд бархе ноҳамоҳангиҳо дар сатҳи давлатҳо монеи иҷрои иродаи сиёсии раҳбарони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароиҳои мазҳабӣ мешавад. Дар ин миён бояд гуфт, Амрико, ки худ мазнуни аслии интиқоли террористҳо аз ғарби Осиё ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аст, ахиран дар нақши панддиҳанда зоҳир шуда ва пешниҳоди бозгашти хонаводаҳои террористҳои диишӣ ба Осиёи Маркази‎ро матраҳ кардааст. Аъзои Вазорати умури хориҷаи Амрико дар ҳошияи нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмони Милал дар дидор бо руасои ҷумҳурии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, ба онҳо пешниҳоди ироаи кумакҳои молӣ дар қиболи бозгардонидани шаҳрвандони узви диишии онҳо дар ғарби Осиё доданд.

Табиист, ки пешниҳоди ироаи кумакҳои молӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои иқтисоди заифе ҳастанд, иғвокунандааст, ғофил аз ин ки Амрико тайи солҳои гузашта ба ҳар тариқи мумкин дар пайи нуфуз дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст. Дар ин замина, чӣ аз тариқи ҷанг дар Афғонистон ва ҳузури нерӯҳои ба истилоҳ ҳофизи сулҳаш дар ин кишвар, ки ҳосиле ҷуз харобӣ ва куштор барои онҳо надошта ва чӣ аз тариқи парокандани селулҳои террористии ДИИШ дар ҷой - ҷойи ин минтақа, ҳамагӣ дар ҷиҳати як ҳадаф будааст. Дар ҳақиқат бояд гуфт, тамоми талошҳои Амрико ба манзури таҳаққуқи ҳадафи нуфуз дар Осиёи Марказӣ ва зарба задан ба иқтисод ва давлати ҳоким бар Русия сурат гирифтааст.

 

Барчасп