Ирсоли 21 миллиард доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия таи 7 соли ахир ба кишварашон
(last modified 2019-10-14T05:33:20+00:00 )
Октябр 14, 2019 10:33 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли 21 миллиард доллар даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия таи 7 соли ахир ба кишварашон

Коргарони муҳоҷири тоҷик таи 7 соли ахир аз Русия ба кишварашон 21 миллиард ва 200 миллион доллар ирсол карданд,ки бештар аз ҳаҷми будҷаи солиёнаи ҳукумати ин кишвар будааст.

Ба нақл аз Спутник,интизор меравад дар соли ҷорӣ низ ҳаҷми даромади ирсолии ин афрод аз Русия ба кишварашон ба беш аз 2 миллиард доллар бирасад.

Дар ин миён коргарони муҳоҷири тоҷик дар соли 2013 ба кишвари хеш аз Русия 4 миллиард ва 100 миллион доллар ирсол карданд,ки бештарини мизони даромади молии онон ба ҳисоб меояд ва дар соли 2016 ба далели буҳрони молӣ дар Русия ин маблағ ба миллиард ва 100 миллион доллар коҳиш ёфт,ки камтарин шохис маҳсуб мешавад.

Бар асоси ин гузориш,бо маблағи 21 миллиард ва 200 миллион доллар даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия таи 7 соли ахир мешуд,ки 5 нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон сохт бо 275 ҳазор опортмони сехоба бо 45 фарванд ҳавопаймои Айр Босс 380 ва 44 адад системаи дифоии зиди мушакии нави Русия мавсум ба 500- s харидори кард.

Ин дар ҳоле аст,ки ахиран Бонки Миллии Тоҷикистон эълом кард наздик ба 62 дарсад аз миёни 2 ҳазор ва 200 нафаре,ки дар назарсанҷии ин ниҳод ширкат карданд мегуянд, даромади ирсолии бастагони худ аз хориҷро манбаъи аслии таъмини ниёзи маишатии хонаводаҳои хеш медонанд. Аз суи дигар акнун Сбир Бонки Русия заминаи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳ барои муштариёни бонкҳои Спитамен, Эссхата, Бонки тиҷорат ва Душанбеситтиро роҳандози кард,ки ин барнома заминаи сарфаҷуии вақт ва ҳазинаи молии камтаре барои коргарони муҳоҷири тоҷикро фароҳам хоҳад кард.