Коҳиши 66 миллиондолларии мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Туркия
(last modified Mon, 14 Oct 2019 12:22:49 GMT )
Октябр 14, 2019 17:22 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 66 миллиондолларии мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Туркия

Мубодилаи тиҷории Тоҷикистон ва Туркия дар 8 моҳи соли ҷории мелодӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта беш аз 66 миллион доллар коҳиш доштааст.

Гардиши молӣ миёни Тоҷикистон ва Туркия дар моҳҳои январ то августи соли ҷории мелодӣ дар муқоиса бо замони мушобеҳи соли гузашта бо 66.426 миллион доллар коҳиш, дар ҳудуди 195 миллион доллар баровард шуд.

Ба гузориши “Форс”, дар моҳҳои зикршуда воридоти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон 99 миллион долларро ташкил дода ва содироти маҳсулоти тоҷикӣ ба ин кишвар 96.25 миллион доллар эълом шудааст.

Мубодилаи тиҷории Душанбе ва Анкара дар моҳи августи соли ҷорӣ дар муқоиса бо моҳи августи соли гузашта бо 41 миллион доллар коҳиш, ҳудуди 18.75 миллион долларро ташкил дода, ки 12 миллион доллар аз он ба воридоти маҳсулоти Туркия ба Тоҷикистон ва маблағи мобақӣ ба содироти колоҳои тоҷикӣ ба ин кишвар муртабит аст.