Октябр 15, 2019 12:04 Asia/Dushanbe
  • Азми Душанбе ва Шарҷа барои тақвияти равобити тиҷорӣ

Мақомоти аршади Тоҷикистон ва Иморот дар шаҳри Шарҷа дидор ва бар густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид карданд.

Илҳом Абдурраҳмон, сарконсули Тоҷикистон дар Шарҷа ва Абдуллоҳ Султон ал- Увайс, раиси Утоқи бозаргонии ин шаҳр дидору гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши Форс, дар ин дидор масоили марбут ба тавсеаи равобити дуҷониба дар заминаҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, саноатӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарконсули Тоҷикистон ва раиси Утоқи бозаргонии Шарҷа бо ҳадафи тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни ду тараф, хостори созмондиҳии дидори миёни тоҷирони Тоҷикистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб ва ироаи кумакҳои лозим барои тақвияти ҳузур онҳо дар намоишгоҳҳои мухталифи байналмилалӣ ва ҳамоишҳои тиҷории ду кишвар шуданд.

Дар поёни ин дидор ду тараф аз намоишгоҳи Утоқи саноат ва бозаргонии Шарҷа дидан ва омодагии худ дар заминаи ироаи кумакҳои лозим барои тақвияти ҳамкории мутақобил миёни ду кишварро эълом доштанд.

 

 

Барчасп