Октябр 19, 2019 17:56 Asia/Dushanbe
  • Лағви режими раводид барои дипломатҳои Тоҷикистон ва Эстония

Тоҷикистон ва Эстония тавофуқномаи лағви режими раводид барои афроди дорои гузарномаҳои дипломатиро ба имзо расонданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Ҳейти Мяемеэс, сафири Эстония дар ин кишвар дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор тавофуқномаи байнидавлатии Тоҷикистон ва Эстония дар заминаи лағви режими раводид барои афроди дорои гузарномаҳои дипломатӣ ба имзо расид.

Ду тараф ҳамчунин равобити ду кишварро дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

 

Барчасп