Тоҷикистон наметавонад вориди бозори рақобатии худравсозон шавад
(last modified 2019-10-20T04:45:23+00:00 )
Октябр 20, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон наметавонад вориди бозори рақобатии худравсозон шавад

Иқтисоддони тоҷик муътақид аст, ки бо роҳандозии корхонаҳои муштараки тавлиди худрав дар ин кишвар заминаи вуруди Тоҷикистон ба бозори рақобатии худравсозӣ фароҳам намешавад.

Ба нақл аз Спутник, Ҳоҷимуҳаммад Умаров бо ишора ба дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Вазорати саноат ва технологиҳои нави ин кишвар мабнӣ бар ҷазби сармояи хориҷӣ барои сохти корхонаҳои тавлиди мошинҳои боркаш ва худрави саворӣ дар ин кишвар гуфтааст, ки рақобат дар бозори худрав дар минтақа бисёр шадид аст ва Тоҷикистон аз тавони рақобат бо кишварҳои хориҷӣ бархурдор нест.

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш ба Вазорати саноат ва технологиҳои нави ин кишвар дастур дод, ки мавзӯи сохти корхонаҳои муштараки тавлиди мошинҳои боркаш ва худрави саворӣ бо ширкатҳои олмонӣ ва жопониро баррасӣ кунад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров иқтисоддони тоҷик мегуяд, ки вуруди Тоҷикистон ба бозори рақобатии худравсозии минтақа шуданӣ нест, зеро бозори худрави Тоҷикистон ҳамакнун дар инҳисори чанд ширкати бузург аст, ки иҷоза намедиҳанд контроли ин раванд аз дасти онон хориҷ шавад.

Вай афзуд, ҳамчунин барои вуруд ба бозори рақобатии минтақа бояд дар Тоҷикистон худравҳое тавлид шавад, ки сифати онҳо аз тавлидоти сохти кишварҳои дигар болотар бошад, ки чунин амре имконпазир нест ва то 50 соли дигар низ Тоҷикистон чунин тавоне нахоҳад дошт.

Барчасп