Октябр 22, 2019 20:41 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи 15 коргари муҳоҷири тоҷик аз Санкт-Петербург

Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург 15 коргари муҳоҷири тоҷикро ба иттиҳоми нақзи қонуни кор ва иқомат аз Русия ихроҷ кард.

Ба гузориши “Спутник”, ин додгоҳ аз миёни 36 коргари муҳоҷири тоҷик, ки ахиран ба иттиҳоми нақзи қонуни кору иқомат дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯйи пулис боздошт шуда буданд, ҳукми ихроҷи 15 нафарро содир кард. Бар асоси ҳукми додгоҳи Санкт-Петербург, ҳар як аз ин 15 нафар ҳамчунин маҳкум ба пардохти ҷарима ба арзиши 5 ҳазор рубли русӣ шудаанд. Гуфта мешавад, парвандаи 16 нафар аз ин коргарони тоҷики боздоштшуда барои таҳқиқи бештар ба идораи пулиси шаҳри Санкт-Петербург бозгардонда шуда ва се парванда низ ба далели кофӣ набудани далоил ва мадорик махтума эълом шудааст.

Мақомоти Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон теъдоди коргарони муҳоҷири ихроҷшудаи ин кишвар аз қаламрави Русияро беш аз 270 ҳазор нафар эълом кардаанд.

Ахиран мақомоти Маскав дар посух ба дархости масъулони Ҳукумати Тоҷикистон барои афви ин афрод гуфтаанд, ки бо пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ин мавзӯъро баррасӣ хоҳанд кард.