Октябр 23, 2019 22:29 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони дувумин ҷашнвораи синамои Фаронса

Дувумин ҷашнвораи синамои Фаронса рӯзҳои 29 октябр то 2 ноябр ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Ба гузориши “Форс”, ҷашнвораи мазкур тавассути Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва маркази фарҳангии Бактряи шаҳри Душанбе созмондеҳӣ шудааст.

Дар чорчӯби ин ҷашнвора филмҳои достонӣ, анимейшен, драма ва комедии коргардонҳои фаронсавӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҷашнвораи мазкур рӯзи 29 октябр, соати 17:30 дақиқа ба вақти Душанбе ифтитоҳ мешавад.

Тамоми филмҳое, ки дар ин рӯзҳо ба намоиш гузошта мешаванд, бо зернависи тоҷикӣ ё русӣ ҳамроҳ хоҳанд буд.

 

 

 

 

Барчасп