Октябр 26, 2019 09:43 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти нависандаи машҳури тоҷик

Нависандаи машҳури тоҷик дар сини 83 солагӣ дори фониро видоъ гуфт.

Ба нақл аз Ахбор, Валӣ Самад тамоми умри худро вақфи нависандагӣ ва адабиёт кард ва беш аз 60 сол узви пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакии вобаста ба фарҳангистони улуми Тоҷикистон буд.

Ӯ ҳамчунин аз ҷумлаи мудофеони сарсахти ҳувияти миллии тоҷикон дар даврони ҳукумати Шуравӣ буд.

Китоби Фирдавсӣ ва Чернишевский навиштаи Валӣ Самад дар соли 2005 ба унвони китоби сол дар ҷумҳурии исломии Эрон муарифӣ шудааст.

 Ҳамчунин мақолаи вай ба унвони Рӯҳи афсурдаи Фирдавсӣ дар Туркистон дар Кунграи байналмиллалии бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар  Эрон низ ба унвони беҳтарин матлаб муарифӣ ва ба ҷоизаи Фирдавсӣ эҳдо шуд.

 Марҳум Валӣ Самад нависандаи беш аз 15 китоб ва ҳудуди 250 мақолаи илмӣ аст, ки бештари онҳо ба баррасии масоили мухталифи адабиёт, робитаҳои адабии кишварҳои Осиёи марказӣ, Эрон , минтақаи Қафқоз ва Русия ихтисос дорад.