Октябр 30, 2019 10:12 Asia/Dushanbe
  • Озодии ду ҳазору 800 зиндонӣ дар вилояти Суғд

Дар чорчуби иҷрои қонуни нави авфи умумӣ дар Тоҷикистон ду ҳазору 800 зиндонӣ дар вилояти Суғд озод шуданд.

Ба нақл аз Спутник, Иброҳим Назарзода корманди Созмони зиндонҳои вилояти Суғд гуфтааст, ки дар иҷрои ин қонун ду ҳазору 800 нафар аз зиндониён, боздоштиҳо, мазнунон (гумонбарон) ва касоне, ки парвандаҳои ҷиноии онон дар додгоҳҳо дар ҳоли баррасӣ буд озод шудаанд.

Аз сӯи дигар манобеи хабарии мустақил аз озодии Ҷунайдуллоҳ Худоёров блогер ва Нуъмонхон Отаев имом хатиби пешини масҷиди Муҳаммад Иқболи шаҳри Истаравшан аз зииндон хабар додаанд.

Худоёров ба ҷурми пайравӣ аз афкори гуруҳи салафия ба 5 сол ва Отаев ба ҷурми нигаҳдории адабиёти мазҳабӣ бо мазомини ифротӣ ба 3 сол зиндон маҳкум шуда буданд.

Ин дар ҳолест, ки Худоёров бо ради ин иттиҳомот эълом карда буд, ки далели аслии боздошт ва маҳкумияти вай интиқод аз фаолияти мақомоти давлатӣ дар ноҳияи Рашт ва ифшои даст доштани ин ашхос дар фасоди молӣ будааст.

Гуфта мешавад, ки дар сурати иҷроӣ шудани ин қонун ҳафт ҳазор зиндонӣ ва ҳудуди 20 ҳазор нафар аз ашхоси боздошт шуда ва таҳти бозҷӯӣ озод мешаванд ва бақия низ тахфифи муҷозот мегиранд; аммо намояндагони ҳизбҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ки дар зиндонҳо ба сар мебаранд шомили қонуни авф нашудаанд.