Октябр 31, 2019 10:27 Asia/Dushanbe
  • Дидори дабири Шӯрои амнияти Русия бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон

Дабири Шӯрои амнияти Русия бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дидор кард.

Ба нақл аз дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон , дар дидори Имомалӣ Раҳмон ва Никалай Петрушов дар бораи ҳамкориҳои амниятии дуҷониба , авзои Афғонистон , муборизаи муштарак алайҳи терорризм ,ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухадир баҳс ва табодули назар шуд.

Тарафҳо дар ин дидор бар зарурати гирифтани тадбирҳои муасир барои тақвияти тавони нерӯҳои мусалаҳи Тоҷикистон , кумак ба нерӯи марзбонии ин кишвар барои муқобила бо таҳарукоти гурӯҳҳои терорристии мустақар дар шимоли Афғонистон ва таъмини амнияти минтақаи Осиёи марказӣ таъкид карданд.

Дабири Шӯрои амнияти русия ҳамчунин бо Муҳаммадалӣ Ватанзода ҳамтои тоҷики хеш ҳам дидор ва гуфтугу кард.

 Сафари Никалай Петрушов ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мешавад ,ки пас аз поёни размоиши низомии кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти ҷамъӣ дар Тоҷикистон Русия ба маблағи 320 миллион рубл таслиҳоти низомӣ ба низомиёни тоҷик эъто кард.

 Чанд рӯз қабл низ нахустин системаи дифоии зиддӣ мушакии Русия мавсум ба С -300 барои истиқрор ба пойгоҳи низомӣӣ 201 и артиши Русия дар Тоҷикистон ба ин марказ мунтақил шуд.

Барчасп