Ноябр 04, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Бурӣ Каримов: Тоҷикистон ба фикри сохти метро ва корхонаи худрав бошад

Вазири собиқи ҳамлу нақл ва муовини пешини нахуствазири Тоҷикистон, ки 27 сол аст дар Русия ба сар мебарад сохти метро дар шаҳрҳои бузург ва роҳандозии корхонаҳои худравсозӣ дар дохили Тоҷикистонро хостор шуд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Бурӣ Каримов гуфт, акнун замони он расидааст, ки ҳукумати Тоҷикистон мавзӯи сохти метро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро барои коҳиши бори трафикии сангин баррасӣ кунад.

Вай бо баёни ин ки ҳазинаи сохти метро ба маротиб гаронтар аз роҳҳои заминӣ аст афзуд: бо ин ҳол бояд ҳукумати Тоҷикистон бо ҷазби кумакҳои молии хориҷӣ, тарҳи сохти метро дар ин ду шаҳри бузургро мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад.

Вазири собиқи ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфт, бо таҷрибаи сохти нерӯгоҳи барқ обии Роғун бояд манобеи молии мавриди ниёз барои сохти метро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фароҳам шавад.

Бурӣ Каримов афзуд, дар марҳилаҳои аввалия бахшҳое аз метроро метавон руи замин сохт, ки ҳазинаи камтаре дорад ва дар марказҳои шаҳрҳо идомаи ин тарҳ дар зерзамин сохта хоҳад шуд.

Вай ҳамчунин гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ монанди Узбакистон ва Қазоқистон ва имзои созишномаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷӣ бояд сохти корхонаҳои тавлиди худравҳои борӣ ва савориро дар дастури кор қарор диҳад.

Барчасп