Ноябр 05, 2019 10:46 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон мизбони нишасти Шурои ҳамкориҳои беҳдоштии Ҳамсуд

Ҷаласаи Шурои ҳамкориҳои Ҳамсуд дар заминаи беҳдошт дар таърихи 8 ва 9 ноябр ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Интизор меравад, ки дар ин нишаст вазирони беҳдошти кишварҳои Мустақили муштаракул манофеъ ширкат кунанд.

Ба нақл аз Форс, ширкаткунандагони ин нишаст теъдоде аз мавзӯъҳои марбут ба ҳамкорӣ дар заминаи муроқибатҳои беҳдоштӣ ва ҳамчунин бархе иқдомоти ҳуқуқӣ дар ин заминаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Шурои ҳамкории кишварҳои Ҳамсуд дар ҳавзаи беҳдошт дар соли 1992 эҷод шуда ва вазирони беҳдошт ва пизишкони баландпояи кишварҳои узви ин иттиҳодия аз аъзои он мебошанд.

Иттиҳодияи кишварҳои Мустақили муштаракул манофеъ пас аз фурупошии Шуравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Малдавӣ, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Узвияти Гурҷистон дар ин иттиҳодия ба дунболи тасмими расмии раисони ҷумҳури кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 ва ба дунболи дархости Эдвард Шеварднадзе раиси ҷумҳури Гурҷистон дар 8 октябри 1993 сурат гирифт.

Беш аз 70 дарсади будҷаи ҷомеаи Муштаракул манофеъ тавассути Русия пардохт мешавад, ҳазина мешавад.

Барчасп