Ноябр 06, 2019 16:30 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи террористии ношинос ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон

Манбаъҳои расмии Тоҷикистон аз ҳамлаи аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ношинос ба нерӯҳои марзбонии давлатии ин кишвар дар минтақаи марзӣ бо Узбакистон хабар доданд.

Бар асоси иттилоияҳои  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати кишвари Тоҷикистон, шаби гузашта 20 террорист ба мақарри посгоҳи Ишқобод дар марзи Тоҷикистон ва Узбакиситон ҳамла карданд.

Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон тавонистанд 15 нафар аз ин террористҳоро кушта ва 5 нафари дигарро дастгир кунанд.

Сомонаи Авеста хабар дода, ки дар миёни муҳоҷимон занон ҳам будаанд.

Дар ин ҳамла як сарбоз ва як корманди Вазорати дохилаи Тоҷикистон низ кушта шуданд.

Дар ҳамин замина зӯҳри имрӯз Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон зимни пахши барномае бо мавзӯи ҳамлаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон эълом кард, ки ин террористҳо 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шуданд.