Ноябр 06, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  • Дидори руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария; густариши ҳамкориҳои меҳвари музокирот

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ба Швейтсария сафар карда, бо раисҷумҳури ин кишвар дидор ва бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба таъкид кард.

Ба нақл аз Форс, Ули Маурер, раисҷумҳури Швейтсария дар ибтидои ин мулоқот гуфт: Мо бо Тоҷикистон пайванди дӯстӣ дорем, зеро ҳар ду кишвар кӯҳистонӣ ва дар маҳалли иттисоли рӯдхонаҳои фаромарзӣ қарор доранд.

Раисумҳури Швейтсария афзуд: Мо омодаи иҷрои соири пружаҳо ва ибтикороти муштарак ба нафъи мардуми ду кишвар мебошем.

Вай дар идома ба раисҷумҳури Тоҷикистон барои сиёсати муваффақомез ва татбиқи ислоҳот дар арсаҳои мухталиф дар даврони истиқлоли ин кишвар табрик гуфт.

Тарафайн дар ин мулоқот, ки дар як фазои дӯстона ва дарки мутақобил сурат гирифт, тайфи васее аз масоили марбут ба ҳамкории дуҷониба, ҷустуҷӯи роҳҳои ҷадиди тавсиа ва густариши равобит миёни ду кишварро мавриди баҳс ва баррасӣ қарор доданд.

Руасои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария таъкид карданд, ки гуфтугӯи муназзами сиёсии сатҳи олӣ, омили муҳими тавсиаи муассири ҳамкории тарафайн дар тамомии арсаҳои мавриди алоқаи ду тараф мебошад.

 

 

Барчасп