Машкук будани ҳамлаи гурӯҳи мусалаҳи ношинос ба посгоҳи марзии Тоҷикистон
Коршиноси рус ҳамлаи гурӯҳи мусалаҳи ношиносро ба посгоҳи марзии Тоҷикистонро машкук эълом кард.
Ба нақл аз хабаргузории Спутник , Андрей Сирников гуфт ; чигунагии ҳамлаи ин гурӯҳи терорристӣ ба посгоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон бо шеваи амалиётии гурӯҳи ДИИШ шабоҳат надорад.
Вай муътақид аст ,ки дар ин маврид фарзияҳои зиёде матраҳ аст ,ки метавонад ба мавзуи байъати ҷангҷуёни гурӯҳи терорристии ДИИШ бо саркардаи нави ин гурӯҳ иртибот дошта бошад.
Аммо фарзияи дигар аз дидгоҳи ин коршиноси рус бузргнамоии хатари гурӯҳи ДИИШ барои амнияти кишварҳои Осиёи марказӣ аст, зеро шеваи ин ҳамлаи ношинос ба посгоҳи марзии Тоҷикистон бо сабки ҳамлаҳои гурӯҳи ДИИШ шабоҳат надорад.
Андрей Сирников эҳтимоли иртиботи ин гурӯҳи муҳоҷим бо ҳаракати исломии Узбакистонро низ баъид намедонад.
Вай таъкид кардааст,ки таи солҳои ахир ҳатто як маврид ҳам аз ҳамлаҳои мустақими гурӯҳҳои терорристӣ аз Афғонистон бо вуруд ба дохили кишварҳои Осиёи марказӣ мушоҳида нашудааст, аз ин рӯ агар воқеан ҳам ин ҷангҷуён аз Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шудаанд, ин иқдом дар навъи худ бесобиқа аст.
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо интишори баёнияе эълом кард ,ки ҳамлаи ахир ба посгоҳи марзии ин кишвар дар нимаи шаби 6 ноябри имсол кори гурӯҳи терорристии ДИИШ буда ,ки бар асари он ду низомии тоҷик ва 15 тероррист кушта ва 4 нафар аз азои ДИИШ низ боздошт шуданд.