Ноябр 08, 2019 20:49 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 250 расонаи дохилию хориҷӣ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, дар ин кишвар беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллию хориҷӣ фаъолият доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Сюрихи Швейтсария бо Ҷейми Флай, раиси умумии радиои “Аврупои озод” дидор кард.

Ба гузориши  “Форс нюс”, Раҳмон дар ибтидои ин мулоқот таъкид кард, ки давлати Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии баён дар кишвар аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озоду муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои маҳаллӣ ва хориҷӣ талош ба харҷ медиҳад.

Раисҷумҳури Тоҷикистон сарусадо дар мавриди қатъи фаъолияти радиои “Озодӣ” дар кишварашро дурӯғ хонда гуфт, ки имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон 18 нафар корманди ин радио сабти ном шуда ва ба таври озод фаъолият мекунанд. Вай гуфт, ин дар ҳолест, ки дар бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ фаъолияти радиои “Озодӣ” ба таври комил мамнӯъ мебошад. Раҳмон афзуд, дар Тоҷикистон беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва хориҷӣ, аз ҷумлаи рӯзномаву маҷаллаҳо, радио, шабакаҳои телевизионӣ ва ожонсиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, дар солҳои ахир радиои “Озодӣ” бештар ба ташвиқу тарғиби ахбори вобаста ба аҳзобу ҷунбишҳои террористие, ки фаъолияти онҳо бо ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон мамнӯъ шуда, машғул аст. Вай дар идома таъкид кард, ки чунин тахаллуфот бидуни таваҷҷуҳ ба ин ки аз ҷониби кадом як расонаи хабарӣ сурат гирифтааст, муҷоз нест ва фаъолияти ҳар расона бояд дақиқан бар асоси қавонини Тоҷикистон, бавижа қонуни ин кишвар дар бораи матбуот ва соири расонаҳои ҷамъӣ ба роҳ монда шавад.

 

Барчасп