Ноябр 19, 2019 14:21 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон бо сармоягузорони кувайтӣ

Нахуствазири Тоҷикистон дар сафар ба Кувайт бо сармоягузорони ин кишвар дидор кард.

Ба нақл аз Форс, Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ба Кувайт дар маҳалли утоқи саноат ва тиҷорати ин кишвар ҳамоише таҳти унвони фазои сармогузорӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Расулзода дар ибтидои ин ҳамоиш дар мавриди сармоягузорӣ, имтиёзҳо барои сармоягузорон, ҳифзи ҳуқуқ ва манофеи онҳо дар Тоҷикистон дигар масоил дар ин замина, суҳбат кард. Сипас Фаррух Ҳамарализода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар мавриди фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон суханронӣ ва ширкаткунандагони ин ҳамоишро бо фазои сармоягузорӣ ошно кард.

Нахуствазир ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон дар  чорчуби ин ҳамоиш ҳамчунин ба саволҳои сармоягузорони кувайтӣ посух доданд. Дар ин ҳамоиш муовини раиси утоқи саноат ва тиҷорати Кувайт, тоҷирон ва намояндагони ширкатҳои мухталифи кувайтӣ ширкат карданд.

Дар ин сафари нахуствазири Тоҷикистон ба Кувайт миёни ду кишвар ҳамчунин санади  ҳамкорӣ дар заминаи гардишгарӣ барои солҳои 2020-2023 ба имзоъ расид.

Барчасп