Имзои тавофуқи ҳамкории фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон
Маркази матбуотии Вазорати тавсеаи иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон аз имзои тавофуқномаи ҳамкории фаннӣ бо Олмон хабар дод.
Ба нақл аз Форс, имзои ин тавофуқнома миёни давлати Тоҷикистон ва Олмон дар заминаи ҳамкории фаннӣ барои солҳои 2018-2019 дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон имзо шуд.
Санади мазкур тавассути Неъматуллоҳ Ҳикматзода вазири тавсеа ва тиҷорати Тоҷикистон ва Андрис Пратман сафири Олмон дар ин кишвар ба имзо расид.
Ҳадаф аз ин тавофуқнома иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон аз тариқи кумакҳои билоивази тарафи олмонӣ унвон шудааст.
Мизони кумакҳои молии қайд шуда дар ин санад 4 миллион евра буда ва қарор аст барои беҳбудии вазъияти иштиғол ва афзоиши даромади муҳоҷирони кории тоҷик ҳазина шавад.
Замони иҷрои ин тарҳ се сол буда ва аз соли 2020 оғоз ва дар соли 2022 ба поён мерасад.