Ноябр 23, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Дидори шаҳрдори Душанбе ва сафири Амрико дар Тоҷикистон

Сафири Амрико дар Тоҷикистон ва шаҳрдори шаҳри Душанбе дидор ва чигунагии афзоиши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Рустам Эмомалӣ шаҳрдори Душанбе бо Ҷон Марк Пармшайм сафири Амрико дар ин кишвар дидор ва вазъи феълӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрдории Душанбе ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро баррасӣ карданд.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаҳои иқтисодӣ, омӯзиш ва парвариш, фарҳанг, табодули барномаҳои илмӣ ва омӯзишӣ ва густариши равобити дуҷониба дар чорчуби ҳамкории шаҳрҳои хоҳархондаи Душанбеи Тоҷикистон ва Боулдери Амрико аз мавзӯоти мавриди баҳс дар ин дидор буд.

Ин дидор дар шароите сурат гирифтааст, ки Амрико дар ҳоли нуфузи бештар дар кишвраҳои Осиёи Марказӣ ба унвони ҳаёти халвати Русия аст.

Бо таваҷҷуҳ ба баргузории интихоботи раёсат ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли оянда ва эҳтимоли номзадии Рустам Эмомалӣ дар ин интихобот, Амрико дар талош аст, то ҳузур ва нуфузи худро дар ин кишвар афзоиш диҳад.

 

Барчасп