Дархости намояндаи парлумони Тоҷикистон барои поёни ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмат
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i48634-Дархости_намояндаи_парлумони_Тоҷикистон_барои_поёни_ҷазби_иҷбории_ҷавонон_ба_хидмат
Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон аз раисҷумҳури ин кишвар хост, ба ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ поён диҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 26, 2019 10:15 Asia/Dushanbe
  • Дархости намояндаи парлумони Тоҷикистон барои поёни ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмат

Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи парлумони Тоҷикистон аз раисҷумҳури ин кишвар хост, ба ҷазби иҷбории ҷавонон ба хидмати низомӣ поён диҳад.

Ба навиштаи сомонаи “АКИ пресс”, Саидҷаъфар Усмонзода гуфт, ҳар сол ду бор дар Тоҷикистон, дар фаслҳои баҳор ва пойиз мақомоти пулис иқдом ба боздошти ҷавонон дар манотиқи мухталифи шаҳр мекунанд, дар ҳоле ки теъдоде аз ин ҷавонон мариз ҳастанд. Раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон идома дод, ин равиш мӯҷиби фирори бештари ҷавонон аз хидмати низомӣ дар Тоҷикистон мешавад ва ҷавонон аз роҳҳои мухталиф рафтан барои кор ба Русияро бар хидмат дар артиш тарҷеҳ медиҳанд. Ӯ гуфт, аз ин рӯ мушоҳида шуда, ки фарзанди ҳеҷ корманди аршади давлатӣ ба хидмати низомӣ намеравад ва фақат писарони хонаводаҳои фақир ба иҷбор боздошту ба воҳидҳои низомӣ фиристода мешаванд.

Аз дидгоҳи раиси Ҳизби демократӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузори Тоҷикистон, боздошт ва эъзоми иҷбории ҷавонони тоҷик ба хидмати низомӣ навъе табъиз аст, ки бояд ба ин иқдом поён дод.