Ноябр 28, 2019 08:09 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши бузургтарин масҷиди Тоҷикистон бо сафари амири Қатар

Бузургтарин масҷиди Тоҷикистон бо сафари амири Қатар гушуда хоҳад шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузори Тоҷвек, манбаъҳои ҳукумати Тоҷикистон эълом карданд,ки ин масҷиди нав бо зарфияти пазириши 120 ҳазор намозгузор, бузургтарин маркази ибодӣ дар Осиёи марказӣ маҳсуб мешавад.

 Давлати Қатар барои сохти ин масҷид 70 ҳазор доллар ва ҳукумати Тоҷикистон 30 ҳазор доллар сарф карданд.

 Тафоҳумномаи сохти ин масҷид миёни Тоҷикистон ва Қатар дар соли 2009 имзо ва кори сохти он дар соли 2011 оғоз шуд.

 Бузургтарин масҷиди Осиёи марказӣ бо масоҳати 12 гектар, аз қисматҳои музей, китобхона, толори ҷаласаҳо , бинои идорӣ ва паркинг барои 4 ҳазор худрав ташкил шудааст.

 Ин масҷид дорои 4 манора ҳар як ба баландии 75 метр, гунбади марказӣ ба баландии 47 метр ва 20 гунбади кӯчак аст.

 Манбаъҳои ҳукумати Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир мавзуъи замони сафари Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ-амири Қатар ба Тоҷикистон барои ширкат дар маросими гушоиши бузургтарини масҷиди ин кишвар дар шаҳри Душанбе дар ҳоли ҳамоҳангӣ аст

 

Барчасп