Декабр 02, 2019 10:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи 73 корхона ва коргоҳи нав дар вилояти Хатлон

73 корхона ва коргоҳи нав аз ибтидои имсол дар вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда ва заминаи иштиғоли 756 нафарро фароҳам кардааст.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раёсати вилояти Хатлон, бештари ин марокизи тавлидӣ аз сӯи фаолони бахши хусусӣ бо дарёфти вомҳо ва кумакҳои молии давлатӣ сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар 10 моҳи гузашта фаолони бахши хусусии вилояти Хатлон 93 тарҳи иқтисодиро бо ҳадафи дарёфти манобеи молӣ ва роҳандозии ин марокизи тавлидӣ ба Сандуқи ҳимоят аз бахши хусусӣ ироа кардаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон 89 миллион сомониро барои таъмини манобеи молии мавриди ниёзи 69 тарҳ  ихтисос додааст.

Бахши саноати вилояти Хатлон дар 10 моҳи гузашта шаш миллиарду 600 миллион сомонӣ маҳсул тавлид карда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш 710 миллион сомонӣ бештар аст.

То фаро расидани сиюмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар рӯзи 9 сентябри соли 2021 барои роҳандозии 103 корхона ва коргоҳи нав дар вилояти Хатлон барномарезӣ шудааст.

Барчасп