Эрон ба дунболи иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон аст
(last modified 2019-12-04T05:01:11+00:00 )
Декабр 04, 2019 10:01 Asia/Dushanbe
  • Эрон ба дунболи иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон аст

Вазири нерӯи Эрон ҳамзамонии шабакаи барқи Эрон ва Тоҷикистонро манут ба барқарории иртиботи электрикӣ донист ва гуфт: Бар ҳамин асос дунболи барқарории иртиботи электрикӣ бо ин кишвар хоҳем буд.

Ба нақл аз ИРНА, Ризо Ардакониён рӯзи сешанбе дар ҳошияи имзои тавофуқнома бо Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон афзуд:

Ҳамзамон кардани шабакаи барқи як ё якчанд кишвар лозим донистани иртиботи электрикӣ аст ва дар ҳоли ҳозир дунболи барқарории ин иртиботи электрикӣ бо Тоҷикистон ҳастем, ки ниёзманди музокироти чорҷониба бо Афғонистон, Узбакистон ва Тоҷикистон аст.

Раиси эронии Комиссияи муштараки иқтисодии Эрон ва Тоҷикистон бо ишора ба ин, ки Тоҷикистон ба лиҳози зарфияти энергетикии барқи обӣ, яке аз бузургтаринҳо дар ҷаҳон аст афзуд:  Агар сармоягузории лозим сурат гирад, барқи тавлидии ин кишвар метавонад ниёзи минтақаро таъмин намояд.

 

Барчасп