Декабр 04, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Мутаваққиф шудани интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон

Интиқоли пул аз хориҷ ба Тоҷикистон мутаваққиф шуд.

Ба гузориши ИРНА, ширкатҳои ироадиҳандаи хадамоти интиқоли пул ба Тоҷикистон дар пайи тадобири давлати ин кишвар барои ташдиди контрол бар ин касбу кор, аз рӯзи сешанбе хидматрасонӣ ба муштариён дар Тоҷикистонро мутаваққиф карданд.

Ба гузориши “Евразиянет”, мақомҳои молӣ дар Тоҷикистон дар садад ҳастанд, ки ширкатҳои нақлу интиқолоти молиро барои нигоҳ доштани пул дар ин кишвар таҳти фишор қарор диҳанд. Ин иқдом пас аз он сурат гирифт, ки музокироти авохири моҳи гузаштаи мелодӣ байни Бонки Миллии Тоҷикистон ва намояндагоне аз ширкатҳои молии “Монигром”, “Контакт”, “Вестерн Юнион” ва “Голден Кроун” дар Маскав бидуни муваффақият ба поён расида буд. Бахши аъзами пуле, ки ин ширкатҳо ба Тоҷикистон мунтақил мекунанд, даромади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия аст.

Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар баёнияе эълом кард, ки қасд дорад маркази хоси худро барои анҷоми умури марбут ба интиқоли пул ба Тоҷикистон эҷод кунад то дар баробари нотавонии ин ширкатҳо дар бозпардохти пул ба бонкҳо дар Тоҷикистон, итминон эҷод кунад.

Бар асоси ин ҳамоҳангӣ, қарор бар ин буд аз тамоми ширкатҳои интиқоли пул хоста шавад то эътибороти молиро дар ҳисобҳои бонкӣ дар регуляторҳои молии Тоҷикистон нигоҳ доранд. Бо иҷрои ин равия, дар сурати эҷоди рукуди иқтисодӣ ва молӣ барои ширкатҳои интиқолдиҳандаи пул, бонкҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон дучори мушкил нахоҳанд шуд.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини Бонки Миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ин ҳамоҳангии ҷадид мӯҷиби ҳеҷ ҳазинаи ҷадиде барои муштариҳо нахоҳад шуд. Ҳарчанд бархе мунтақидон муддаӣ ҳастанд, ки давлат бо ин иқдом дар садади эҷоди даромад барои худаш аст.

Бонкҳои Тоҷикистон рӯзи аввали декабр (якшанбеи 10 озар) дар баёнияе ҷамъӣ эълом карданд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо интиқоли пул аз тариқи ширкати “Юнистрим”, мустақар дар Русия имконпазир аст.

Даромадҳои ирсолии коргарони Тоҷикистон дар Русия яке аз манобеи аслии иқтисоди ин кишвар аст. Дар соли 2018 дар ҳадуди 2.55 миллиард доллар аз ин тариқ ба Тоҷикистон мунтақил шуд. Ин рақам дар се моҳи аввали соли ҷории мелодӣ 462 миллион доллар будааст.

 

Барчасп