Декабр 10, 2019 14:17 Asia/Dushanbe
  • Дархости бекор кардани пардохти саҳми молӣ барои сабти номи довталабони интихоботи Тоҷикистон

Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон бо интишори паёме аз раиси ҷумҳури ин кишвар дархост кард, ки пардохти саҳми молӣ барои сабти номи довталабони интихобот дар ин ҷумҳуриро лағв кунад.

Ба нақл аз саҳифаи Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар паёме дар Фейсбук, аз Эмомалӣ Раҳмон дархост кардааст, ки табсараи қонуни пардохт кардани маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ барои сабти номи ҳар довталаби ҳузур дар интихоботи маҷлис дар рӯзи аввали моҳи марти соли 2020-ро ҳазф кунад.

Ӯ гуфт, зеро агар ҳар ҳизби сиёсӣ бихоҳад 10 довталаби худро барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ муаррифӣ кунад бояд маблағи 58 ҳазор сомонӣ ба будҷети ҳукумат пардохт кунад, ки дар шароити феълии иқтисодии Тоҷикистон ин кор ғайримумкин аст.

Вай таъкид кард, ки таини ин маблағ барои сабти номи довталабони  ҳузур дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон муғоир бо қонун аст ва дар сурати нокомии ин ашхос барои вуруд ба Маҷлиси намояндагон маблағҳои онон бозгардонда намешавад.

Аз ин ру зарурат дорад, ки ин табсара аз қонуни интихоботи парлумонии Тоҷикистон комилан ҳазф шавад.

Раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон  аз ин ки дар 10 соли ахир беш аз 15 бор аз мақомоти ин кишвар хоста, ки ин табсара аз қонуни интихоботро ҳазф кунанд ва ба дархосташ расидагӣ нашуда ба шиддат интиқод кард.

Ин дар ҳолест, ки масъулон ва фаолони ин гуруҳи сиёсӣ дар нишасти ахири худ дар шаҳри Душанбе пас аз баҳсҳои зиёд натавонистаанд дар бораи ширкат дар интихоботи парлумонии соли 2020 тасмимгирӣ кунанд ба далели ба натиҷа нарасидани онон табсараи марбут ба пардохти саҳми молии ҳар довталаб барои ширкат дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон эълом шуда, ки аъзои Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон  тавони пардохти онро надоранд.

Барчасп