Декабр 11, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Бозгардондани 10 муҳассили тоҷик аз мадориси мазҳабии Бангладеш ба Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон бо бозгардондани 10 донишомӯзи тоҷик аз мадориси мазҳабии Бангладеш, ин афродро дар мадориси шабонарӯзӣ таҳти омӯзиш қарор додаанд.

Ба нақл аз сомонаи Top Tj, волидайни ин донишомӯзон мегӯянд, ки ҳатто дар рӯзҳои таътил низ ба онон муҷаввизи дидор бо фарзандонашонро намедиҳанд.

Манобеи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯянд, ин донишомӯзон бояд дар мадориси шабонарӯзӣ давраи татбиқ бо низоми омӯзишии ин кишварро бигзаронанд ва баъдан ба мадориси давлатӣ мунтақил шаванд.

Эҳсони Хушбахт, сухангӯи  Вазорати маориф ва илм таъкид кардааст, ин донишомӯзон то ба ҳол дар мадориси ин кишвар омӯзиш надидаанд ва бояд таи давраи се то шаш моҳ, худро бо шароити омӯзиш ва парвариши Тоҷикистон татбиқ диҳанд ва пас аз ин марҳила, мавзӯи таҳвили онон ба волидайнашон ва пояи таҳсилии онон дар мадориси давлатии маҳалли иқоматашон мушаххас хоҳад шуд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2010 то кунун, ҳазорон донишомӯзи тоҷикро барои қарор нагирифтан таҳти таъсири афкори гурӯҳҳои ифротӣ аз марказҳои омӯзишии кишварҳои исломӣ бозгардондааст.