Декабр 12, 2019 11:28 Asia/Dushanbe
  • Ҳал нашудани мушкили интиқоли пул аз бонкҳои Русия ба Тоҷикистон

Мушкили интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз бонкҳои Русия ба Тоҷикистон ҳал нашудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, бо гузашти беш аз як ҳафта аз роҳандозии низоми ҷадиди интиқоли даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба Тоҷикистон, ки Бонки Миллии ин кишвар амалӣ кард, хонаводаҳои ин афрод наметавонанд ин пулҳоро дарёфт кунанд.

Бештари муроҷиакунандагон ба бонкҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки ба онон гуфта мешавад, коди интиқоли пул аз Русия ва шумораи телефони ҳамроҳи худро дар ихтиёри кормандони бонкҳо қарор диҳанд ва дар сурати рафъи мушкил ба онон иттилоъ медиҳанд.

Ин иқдом бо эътирози шадиди корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки мудирияти Бонки Миллии Тоҷикистонро ба ноуҳдабароӣ ва бетадаббурӣ муттаҳам мекунанд. Аз дидгоҳи коршиносон, мудирияти Бонки Миллии Тоҷикистон бояд қабл аз иҷрои низоми ҷадиди интиқоли даромади коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия, ин системаро озмоиш мекард, ки дар сурати надоштани мушкил амалиётӣ мешуд.

 

Барчасп