Оғози сохти корхонаи тавлиди лавозими хонагӣ дар Хуҷанд
(last modified Tue, 17 Dec 2019 04:57:22 GMT )
Декабр 17, 2019 09:57 Asia/Dushanbe
  • Оғози сохти корхонаи тавлиди лавозими хонагӣ дар Хуҷанд

Сохти корхонаи тавлиди лавозими хонагӣ дар Хуҷанд оғоз шуд.

Ширкати  RIAS Engineering  сохти корхонаи тавлиди лавозими хонагӣ бо номи Рӯзгор дар шаҳри Хуҷанд маркази вилояти Суғдро оғоз кард.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, ин корхона дар замине ба масоҳати як гегтар дар шимоли шарқи шаҳри Хуҷанд бо зарфияти тавлиди 30 ҳазор яхчол, 30 ҳазор мошинаи либосшуӣ, 30 ҳазор кулер ва 30 ҳазор телевизион дар сол , таи ду сол сохта хоҳад шуд.

Мудири ширкати ёдшуда таъкид кардааст, ки нархи ин таҷҳизот дар муқоиса бо маҳсулоти мушобеҳи тавлидшуда дар Чин, Узбакистон ва Беларус арзонтар ва босифати беҳтар хоҳад буд.

Ҳамчунин коргоҳи тавлиди қатаоти ядакӣ ҳам барои лавозими хонагии тавлидшуда дар ин корхона сохта хоҳад шуд.

Мудири ширкат муътақид аст, ки корхонаи тавлиди лавозими хонагии Рӯзгор дар шаҳри Хуҷанд муҷиби иштиғолзоӣ барои сокинони вилояти Суғд мешаавад ба далели нархи муносиб ва сифати матлуб бо истиқболи муштариён низ ру ба ру хоҳад шуд.