Зиндонӣ шудани 4 корманди полиси шаҳри Душанбе ба иллати шиканҷа кардани ашхос
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i49189
Додгоҳи шаҳри Душанбе 4 корманди полиси ин шаҳрро ба иллати шиканҷа кардани ашхос ба зиндон маҳкум кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 17, 2019 12:33 Asia/Dushanbe
  • Зиндонӣ шудани 4 корманди полиси шаҳри Душанбе ба иллати шиканҷа кардани ашхос

Додгоҳи шаҳри Душанбе 4 корманди полиси ин шаҳрро ба иллати шиканҷа кардани ашхос ба зиндон маҳкум кард.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, ин додгоҳ сарҳанги дуввум Фарҳод Нурхонов муовини собиқи Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи полиси шаҳри Душанберо ба 17 сол зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин додгоҳи шаҳри Душанбе Иваз Сабзаов, Умед Ваҳҳобов ва Икромиддин Аҳлиддинро, ки ҳамагӣ аз афсарони полиси Идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи шаҳри Душанбе буданд ва дар шиканҷаи ашхос дахолат доштанд, ба 7 то 9 сол зиндон маҳкум кард.

Ин дар ҳолест, ки намояндаи додситонӣ дар додгоҳи шаҳри Душанбе барои 4 корманди пешини Идораи полиси пойтахти Тоҷикистон дархости маҳкумият аз 15 то 23 сол зиндон карда буд.

Ин 4 афсар муттаҳам ба шиканҷаи Ҳамза Солиҳов сокини Душанбе ҳастанд шокӣ мудаӣ аст ин 4 афсари полис бо ҷосозии 200 грам модаи мухадир дар манзили маскуниаш аз ӯ дархости пардохти ришва карданд, ки вақте бо имтинои вай аз пардохти пул ру ба ру шуданд ӯро ба шиддат шиканҷа карданд.

Ҳамчунин 17 нафар аз сокинини шаҳри Душанбе аз ҷумла як зан аз шиканҷа шуданаш тавассути ин 4 афсари пешини полиси пойтахти Тоҷикистон ба додгоҳ шикоят кард.

Ин афсарон дархости ришва аз шокиёнро қабул доранд вале муддаӣ ҳастанд, ки онҳоро шиканҷа накарданд, аммо пизишкии қонунӣ шиканҷаи ин ашхос ба дасти ин афсаронро таид кардааст.

Аз сӯи дигар Эътилофи зиддишиканҷа дар Тоҷикистон, ки як созмони ғайридавлатӣ аст, эълом кард дар соли гузашта 44 нафар аз сокинони ин ҷумҳурӣ аз шиканҷаи худ тавассути коркунони полис ба ин эътилоф шикоят карданд, ки 7 нафар аз ин шокиён занон буданд.