Декабр 21, 2019 19:44 Asia/Dushanbe
  • Гушоиши намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар Тоҷикистон

Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ имрӯз дар Кохи Борбад дар Душанбе оғоз ба кор кард.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, ин намоишгоҳ то 24 декабр омодаи пазироӣ аз алоқамандон ба колоҳои эронӣ аст.

Дар ин намоишгоҳ 52 ширкати Эрон дар бахшҳои тавлидӣ, саноати ғизоӣ, беҳдошт ва дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, фаршу лавозими манзил ва гардишгарӣ охирин тавлидоти худро арза кардаанд.

Image Caption
Image Caption

Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар шаҳри Душанбе Муҳаммаднақии Собирӣ сафири Эрон, Алиризо Разм Ҳусайнӣ, вилоятдори Хуросони разавӣ, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода вазири рушди иқтисод ва тиҷорат, Фаррух Ҳамрализода раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Ҷамшед Ҷумъахонзода раиси утоқи саноат ва бозаргонии Тоҷикистон, сафирон ва намояндагони кишварҳои хориҷии муқими ин кишвар ва ҷамъи зиёде аз мардуми маҳаллӣ ширкат карданд.

Image Caption
Image Caption

 

Дар рӯзҳои поёнии ин намоишгоҳ, ҳамоиши тиҷории муштараки Эрон ва Тоҷикистон бо ҳузури бозаргонони ду кишвар дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки фурсати хубе барои баррасии ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузории муштаракро фароҳам хоҳад кард.

Охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2017 бо ширкати беш аз 20 ширкати эронӣ барпо шуда буд.

 

Барчасп