Боздиди раиси вилояти Хуросони разавии Эрон аз минтақаи озоди Данғара
Раиси вилояти Хуросони разавии Эрон дар дуввумин рӯзи сафари худ ба Тоҷикистон ба шаҳри Данғара сафар ва бо раиси вилояти Хатлон дидор кард.
Ба нақл аз ИРНО, раиси вилояти Хатлон дар ин дидор бо ишора ба роҳандозии 76 корхонаи нав дар минтақаи Данғара гуфт, ин вилоят ба воситаи вуҷуди нерӯгоҳҳои барқ обӣ 90 дарсади барқи кишвари Тоҷикистонро таъмин мекунад ва вилояти Хатлон омодааст барои сармоягузории муштарак бо ҳадафи эҷоди шуғл дар Тоҷикистон бо ширкатҳои эронӣ ҳамкорӣ кунад.
Қурбон Ҳакимзода бо ишора ба фаолияти иқтисодии Хуросони разавӣ дар солҳои гузашта дар вилояти Хатлон афзуд, мо бо вуҷуди заминҳои кишоварзӣ ба адавот ва мушовираҳои технологӣ барои кишту шабакаҳои нави обёрӣ ниёзмандем.
Вай гардишгарӣ ва туризми саломат, гардишгарӣ дар табиат ва тавсеаи равобити донишгоҳиро аз дигар заминаҳои қобили тавсеаи ҳамкориҳо баршуморд.
Разм Ҳусайнӣ раиси вилояти Хуросони разавии Эрон низ бо ишора ба тавонмандиҳои мухталифи фаолони иқтисодии ин вилоят барои фаолият дар бахши конҳо, кишоварзӣ ва туризми дармонӣ, аз раиси вилояти Хатлон барои сафар ба Машҳад даъват кард.
Алиризо Разм Ҳусайнӣ раиси вилояти Хуросони разавии Эрон дар ин сафар ҳамчунин аз ҷанд воҳиди саноатӣ ва минтақаи озоди иқтисодии Данғара боздид кард.
Дидор аз як корхонаи рисандагӣ ва бофандагӣ, ки бо сармоягузории муштараки чиниҳо дар Тоҷикистон дар ҳоли баҳрабардорӣ аст ва низ бархе аз корхонаҳои мустақар дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара аз дигар барномаҳои сафари раиси вилояти Хуросони разавии Эрон ба вилояти Хатлон буд.